Олим ва “падари бомби Эрон”-ро куштанд


Муҳсин Фахризода, физики Эрон, ки хадамоти махсуси Ғарб ӯро “падари бомби Эрон” меномиданд, рӯзи 27 ноябр дар наздикии шаҳри Теҳрон кушта шуд.
Автомобиле, ки Муҳсин Фахризода дар дохили он буд, дар иҳотаи муҳофизон роҳ мерафт. Ҳамлакунандагон бо гранамёт автомобили муҳофизонро аз байн бурданд, ва автомобили Фахризодаро тирборон карданд. Дар ин ҳодиса як муҳофиз ва 3 ҳамлакунанда кушта шуданд. Худи Фахризода, ки тир хӯрда буд, дар бемористон бар асари захмҳо даргузашт.
Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон ин воқеъаро ҳодисаи террористӣ хонд.
Ёдовар мешавем, дар солҳои 2010-2012 чор нафар мутахассиси ҳастаии (атомӣ) Эрон дар чунин ҳамлаҳо кушта шуда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ