Кишварҳои Аврупо пеш аз соли нав карантинро нармтар мекунанд


Чандин кишвари Аврупо пеш аз Мавлуди Исо (Рождество) карантинро нармтар мекунанд. Дар ин бора Korrespondent.net хабар дод.
Вилоятҳои Ломбардия, Пемонт ва Калабрияи Италия, ки пеш ҳудудҳои “сурх” буданд, акнун “сабз” мешаванд. Ҳукумат рӯзона аз 29 ноябр ба ҳаракати озоди аҳолии ин вилоятҳо иҷозат дод. Ҳамчунин, дӯкону фурӯшгоҳҳо низ боз мешаванд.
Аз 1 декабр дар Ирландия музей, намоишгоҳ, китобхонаҳо ва аз 4 ресторану кафеҳо низ фаъолияти худро идома хоҳанд дод.
Александер де Кроо, сарвазири Белгия низ ваъда дод, ки пеш аз соли нав фурӯшгоҳҳо метавонанд дарҳои худро ба рӯи аҳолӣ боз кунанд.
Дар Олмон аз 23 декабр то 1 январ, яъне дар муддате, ки ҷашни Мавлуди Исо таҷлил мешавад, қоидаҳои карантин нармтар мегардад.
Ёдовар мешавем, аз 2 декабр дар Британияи Кабир муддати карантини умумӣ ба поён мерасад ва ҷои онро маҳдудиятҳои маҳаллӣ мегирад.
Ҳамчунин, Фаронса аз 28 ноябр марҳила ба марҳила маҳдудиятҳоро кам мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ