Аз зани мубталои COVID-19 кӯдаки солим бо антитанаҳои зидди коронавирус таваллуд шуд


Шифокорони Сингапур шоҳиди ҳодисаи аҷиб шуданд. Зани ҳомиладор, ки мубталои коронавирус шуда буд, кӯдаке таваллуд кард, ки дар хуни худ бар зидди коронавирус антитана дошт. Дар ин бора рӯзномаи Straits Times навишт.
Гуфта мешавад, ки дар 10-умин моҳи ҳомиладории модари 31-сола гирифтори коронавирус будани ӯ маълум шуд. Ӯ зоҳиран дар сафари Аврупо бемор шуда буд.
Беморӣ дар ӯ нисбатан сабук мегузашт, бо вуҷуди ин, ӯро дар бемористон бистарӣ карданд. Баъди 20 рӯз ӯ шифо ёфту бемористонро тарк кард ва дар моҳи ноябр кӯдаки солим таваллуд кард. Аҷиб аст, ки шифокорон дар хуни модар антитана наёфтанд, вале, дар хуни кӯдаки навзод антитана пайдо шуд.
Ба гуфтаи шифокорон, дар фасли баҳор низ дар Сингапур чунин ҳолат мушоҳида шудааст, яъне модари гирифтори коронавирус кӯдаки солимро бо антитанаҳо таваллуд кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ