Дар намоишҳои рӯзи 29 ноябр дар Белорус беш аз 190 нафар эътирозгар боздошт шуданд. Дар ин бора Регнум ба нақл аз маркази ҳифзи ҳуқуқи “Весна” хабар дод.
Ному фамилияи боздоштшудагон дар сайти марказ мунташир мешавад, ки шумори онҳо то ҳол ба 191 нафар расидааст.
Аксари боздоштшудагон эътирозгарони шаҳри Минск мебошанд. Боқӣ дар шаҳрҳои Гродно, Брест, Витебск ва ғайра боздошт шудаанд.
Рӯзи 29 ноябр низ дар шаҳрҳои Белорус норозиён аз ҳукумати Александр Лукашенко намоишгоҳи навбатиро баргузор карданд.
