Пойи Ҷо Байден ҳангоми сайру гашт бо сагаш шикаст


Ҷо Байден, раисҷумҳури навинтихоби ИМА ду рӯзи пеш, 28 ноябр ҳангоми сайру гашт бо саги худ дар роҳ лағжид ва пояш шикаст. Кевин ОКоннор, шифокори ӯ ин хабарро тасдиқ кард.
Акнун Байден чанд ҳафта пойафзори махсус мепӯшад.
Ҷо Байден бо ҳамсари дуто саги чӯпонӣ (овчарка) бо номи Мажор ва Чамп доранд. парвариш мекунанд. Пои ӯ ҳангоми сайру гашт бо Мажор шикастааст.
Ёдовар мешавем, Ҷо Байден дар интихоботи раисҷумҳурии ИМА, ки рӯзи 3 ноябр баргузор шуд, пирӯзиро ба даст овард. Рӯзи 14 декабр маҷлиси интихобкунандагони ИМА барпо мешавад ва онҳо номи раисҷумҳури нави кишварро эълон мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ