Дар натиҷаи обхезӣ дар Индонезия ҳазорон хонаву ҷой зери об монданд


Дар натиҷаи обхезӣ дар дарёи Паданги Индонезия ҳазорон манзилгоҳи одамон дар вилояти Суматраи Шимолӣ зери об монданд. Дар ин бора Kompas хабар дод.
Бино ба маълумоти идораи мубориза бо офатҳои табиии Индонезия, 6663 ҳазор хонаро об гирифтааст, ки дар онҳо 32 173 нафар зиндагӣ мекунанд.
Аксарияти аҳолӣ хонаҳои худро тарк накарданд, чун ҳоло обхезӣ ақибнишинӣ мекунад. Сатҳи об аз замин 1 метр боло шудааст.
Кормандони пулиси вилояти Суматраи Шимолӣ ба аҳолии маҳаллии осебдида ёрӣ медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ