Голи якуми Шомуродов дар “Серияи А”


Элдор Шомуродов, ҳуҷумгари ӯзбекистонии “Женоа” шаби гузашта нахустин голи худро дар чемпионати Италия ба дарвозаи “Парма” зад.
Дар ин бозӣ Шомуродов дар таркиби асосӣ вориди майдон шуд. Ӯ дар дақиқаи 50-ум номи худро дар табло сабт кард. Дар дақиқаи 69-ум мураббӣ ӯро бо футболбози дигар иваз кард. Бозӣ бо натиҷаи 1 бар 2 бо ғалабаи “Парма” поён ёфт.
Ёдовар мешавем, дар бозии қаблии “Женоа” Шомуродов як паси головарро ба номи худ сабт карда буд.
Баъди бозиҳои ҳафтаи нӯҳуми, ҷамоаи Шомуродов дар паллаи 19-уми ҷадвали “Серияи А”, қарор дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ