Барои истеҳсоли як дона смартфон чанд дақиқа кифоя мекунад?


Ши Яохун, раиси Huawei дар нишасти Changsha Cyber Security & Intelligent Manufacturing Conference дар бораи суръати истеҳсоли смартфонҳои ширкати худаш маълумот дод.
Ба гуфтаи Яохун, дар соли охир суръати истеҳсоли смартфон хеле боло рафтааст. Соли ҷорӣ як дона смартфони Huawei ҳамагӣ дар 27 сония истеҳсол мешавад. Барои муқоиса, соли 2015 ин ҷараён 10 дақиқа тӯл мекашид.
Ёдовар мешавем, ширкати Huawei чанде пеш барои смартфони нави дорои термометр “патент” гирифта буд. Ҳамчунин, бренди Honor-и ин ширкат фурӯхта шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ