Дар Испания некрополи исломии асри VIII пайдо шуд


Олимон дар шаҳри Таусти вилояти Сарагосаи Испания қабристони бузурги вобаста ба асри ҳаштум, ки дар он ҳангом дини ислом дар минтақа ҳоким буд, пайдо шуд. Дар ин бора Евронюз хабар дод
Бостоншиносон (археологҳо) мегӯянд, ки дар ин қабристон тақрибан 4,5 ҳазор ҷасад дафн шудааст. Ин кашфиёт тасаввури олимонро дар бораи таърихи ҷомеъаи мусалмонони минтақа дар даври хилофат дигар хоҳад кард.
Ева Хименес, ҳамоҳангсози кофтуковҳо мегӯяд, “Онҳое, ки имрӯз ҷасадашонро ёфтем, исломро қабул кардаанд ва ҳамзамон вобастагии худро ба фарҳанги Рими қадим нигоҳ доштаанд”.
Бостоншиносон соли 2010 дар ин минтақа кофтуковҳоро оғоз карда буданд, аммо танҳо имрӯз қабристони бузургро кашф карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ