Дар даври пандемия чӣ гуна бемориҳои сироятӣ кам шуд?

Иштирокдорони пресс-тур, ки дирӯз баргузор гардид, ин дафъа аввал хилъатҳои махсуси тиббӣ пӯшиданд. Чунки онҳо дар лабораторияҳои Садорати осоиштагии санитарӣ- эпидемиологӣ ва хизмати саломатии ҷамоатии вилоят шуда, бо ҷараёни кори ходимони он шинос шуданд.
Сипас, дар толори конфронси садорат аз рӯйи корҳои дар даври пандемия дар садорат амалигардида анҷумани матбуотӣ ба амал омад. Ҳисоботи А. Баҳромов оид ба корҳои дар вақти пандемия амалигардида шунида шуд.
Иштирокдорон баромади ҷонишини сардори садорат Хайрулло Боймуродовро аз рӯйи ҳолати амал кардан ба тартибу қоидаҳои дезинфексияи санитариву гигиенӣ дар муассисаҳои давокуниву профилактикӣ шуниданд.
– Дар давоми 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ аз ҷониби садорат корҳои зиёд амалӣ гардид, – гуфт А. Баҳромов. – Аз ҷумла, аз 37 навъи бемориҳои сиротякунанда 11-то ё ин ки 29,7 фоизи бемориҳои сирояткунандаи тифи шикам, паратифҳо, салмонелёз, сулфакабудак, полимиеллит, менингит, сурхча, безгак, педикулёз, грипп кам қайд гардиданд. Инчунин, 24-то навъ касалии сирояткунанда (изентерия, ОИТВ, скарлатина, гепатити вируснок, гепатити В ва ғайра) кам мушоҳида шуданд. Аз 37 навъи бемориҳои сирояткунандае, ки ба рӯйхат гирифта мешаванд, ҳолати сабзиши 2, 7 фоиза (бемории «қизамиқ») ба назар расид. Ин ҳолат ба моҳҳои январу феврал рост омад. Дар моҳҳои июл-­сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд ва якчанд ноҳияҳо бемории коронавирус бештар қайд гардид.
Бино ба ҳолати 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар вилоят дар 2893 нафар инфексияи коронавирус қайд гардид. Ҳоло дар вилоят 2738 нафар аз беморӣ солим гашта, 155 нафар бемор табобат карда мешаванд. Садорат дар табобати бемории коронавирус дар сафи дигарон ҳиссаи муносиби худро ҳамроҳ кард.
Дар поёни тадбир роҳбарони садорат ба саволҳои иштирокдорон посух доданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Ҷамшеди ПУРАСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ