Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…

Рӯзҳои 30 – юми ноябр – 1-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд барои 12 нафар журналист ва блогерҳои самарқандӣ дар мавзӯи « Таҳдидҳои ахбори COVID‑19: дар бораи экология чӣ хел навиштан лозим?» семинар – тренинг шуда гузашт. Тадбир дар ҳамкории Маркази журналистикаи замонавии ҷумҳурӣ, Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ташкилоти хориҷии Embassv of The United States of American in Uzbekistan баргузор гардид. Дар рафти семинар директори маркази номбурда, медиа – мураббӣ Саида Сулаймонова ва мутахассиси IT – и марказ Эмил Фахриев бо иштирокдорон машғулоти назарӣ ва амалӣ гузаронданд. Чунин тадбирҳо қаблан дар шаҳрҳои Нуқус, Тирмиз ва Тошканд гузаронида шудааст. Мураббиён ба иштирокчиёни тадбир дар бораи контекстҳои экологӣ, боварӣ ҳосил накардан ба маълумотҳои бардурӯғ-­фейк, муаммоҳои ҳозираи экологӣ, муносибати одамон бо табиат, ҳифзи биосфера, муҳити атроф, муаммоҳои глобалии экологӣ мисли дигаргуншавии обу ҳаво, норасоии оби ошомиданӣ, пандемия ва муҳити атроф, полигонҳои партовҳо ва утилизатсия кардани онҳо, ба ҳалокатрасии баҳри Арал, бо партовҳо пур шудани олам, буридани дарахтҳо ва ғайра ҳарф заданд. Сипас дар бораи истилоҳҳои йокес, инфоделия, дезинформатсия, факчек, фейк ва ғайра маълумот доданд.
Иштирокдорон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, аз рӯйи омодасозии мавод дар бораи муаммоҳои экологӣ ва таъсири пандемия ба ҳаёти одамон, инчунин иқтисодиёти ҷаҳонӣ қувва озмуданд.
Дар рӯзи дуюми тадбир иштирокдорон дар истифодаи ноутбукҳо ва роҳҳои замонавии тайёркунии матолиб таҷриба иваз карданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ