Оё режими ҳаракати нақлиёт

барои фиреби назари мардум аст?

Пештар воситаи асосии нақлиёт хару асп ва шутур буд. Аробаҳо сонитар пайдо шуданд. Бо тақозои давр навъҳои дигари нақлиёт, аз қабили велосипед, мошин, поезд, киштӣ ва самолётҳо ихтироъ гардиданд. Барои дуруст ба роҳ мондани кори онҳо режими ҳаракати нақлиёт ба вуҷуд омад. Бинобар ҳамин, ҳоло дар ҳар як истгоҳи шаҳри Самарқанд режими ҳаракати нақлиёти мусофиркашон часпонида шудааст.
Дирӯз бо мақсади назорати ҳаракати автобусҳо аз соати 08:30 то 09:30 дақиқа дар «Университет бекати» («Истгоҳи университет») будем.
Мувофиқи режими часпонида аз ин истгоҳи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамарӯза бояд автобусҳои 30 хатсайр ҳаракат кунанд. Дар муддате, ки мо он ҷо будем, автобусҳои рақамҳои 3, 6 ва 41 дар вақти худ ба истгоҳ меомаданд ва мерафтанд. Вале, рафтуои нақлиёти баъзе хатсайрҳо бетартибу номунтазам буданд. Масалан, автобусҳои рақами 74 бояд дар ҳар 8 дақиқа аз хиёбон гузаранд, ки ин дар як соат 7 бор мешавад. Аммо баъзе ронандаҳо ба фосила риоя намекарданд ва муддати ҳаракатро то 4 дақиқа кам менамуданд. Дар натиҷа, фосилаи миёни автобусҳои баъдии ин хатсайр дароз мегардид.
Ҳамчунин, дар давоми 1 соат бояд 5 автобуси хатсайри рақами 1 бо фосилаи 12- дақиқагӣ ба истгоҳ меомад, аммо ин тавр нашуд. Дар 4 дақиқа якбора дуто автобуси ин хатсайр ба истгоҳ ҳозир шуданд ва то охири назорати мо дигар автобуси рақами 1 наомад. Автобусҳои рақамҳои 14, 22, 44 низ дар 1 соат ҳамагӣ як бор ба истгоҳ омаданд. Дар ҳоле, ки дар ин муддат дар ҳар як хатсайр автобусҳо бояд аз 4 то 6 бор аз ин ҷо мегузаштанд.
Автобусҳои рақамҳои 9, 13, 27 низ аз рӯйи ҷадвал кор накарданд.
Одамон бо умеди сарфа кардани 3–4 ҳазор сӯми худ ба истгоҳ меоянд, соатҳо чашмашон ба роҳи автобус чор мешавад. Автобусе, ки дер меояд, бо мусофирон пур аст. Одамон барои ҷой гирифтан дар автобус қоидаҳои гигиениро аз ёд мебароранд. Ин ҳолат, албатта дар даври пандемия хуб нест. Маҳз чунин вазъият боиси паҳн шудани коронавирус мегарданд.
Хуб, ба ҳар ҳол автобусҳои ин хатсайрҳо дар давоми як соат ҳадди ақал як бор худро нишон доданд. Аммо автобусҳои рақамҳои 2, 58, 78, 97 ва 122 дар ин муддат ягон бор ба истгоҳ наомаданд.
Барои маълумот: автобуси рақами 2 дар як соат бояд 4 ё 5 бор аз хиёбон мегузашт. Автобусҳои рақамҳои 58, 78 ва 122 низ дар ин муддат бояд 2–3 бор, автобуси рақами 97 бо вуҷуди 40 дақиқа будани фосилаи ҳаракат, ҳадди ақал 1 бор ба истгоҳ меомаданд.
Оё, масъулон аз ин ҳолат хабар доранд? Ронандагони автобусҳо дар ин лаҳзаҳои кориашон дар куҷо мегарданд? Магар режими дар истгоҳ часпонидашуда барои фиреби назари мардум аст?!

Фирӯз АБДУМӮЪМИНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ