Аҳамияти мероси маънавии Беҳбудӣ дар худшиносии миллӣ

Ба таваллуди аъзои ҳаракати ҷадидӣ, алломаи бузурги маърифатпарвар ва арбоби ҷам­ъиятӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ 145 сол пур шуд. Ба ҳамин муносибат дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории Шӯрои марказии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ», фраксияи Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси ҳизб, инчунин, Шӯрои вилояти Самарқанд ва ҳокимияти вилоят конфронси илмӣ-­амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар анҷуман, ки ба мавзӯи «Мавқеи ҳаракати ҷадидӣ ва мероси маънавии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар худшиносии миллӣ» бахшида шудааст, ҷонишини раиси Шӯрои марказӣ Фирӯза Муҳаммадҷонова ва вакилони Шӯрои марказӣ, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва маҳаллӣ, ҳамчунин, олимони таърихшинос, адабиётшинос, омӯзгору педагогҳо ва мутахассисон, аз ҷумла, абераи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – Шоҳруххон Беҳбудӣ низ иштирок доштанд.
Ин конфронс бесабаб дар Самарқанд ташкил нагардид. Чунки бобои маърифатпарварамон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1875 айнан дар ҳамин маскан ба дунё омад. Муҳити оилаи зиёиён барои зудтар ба рӯёб баровардани шавқи ба адабиёт, сиёсат, маърифат доштаи ӯ раҳнамун гардид. Ӯ дар қатори фанҳои адабиёт, таърих, бо сиёсатшиносӣ низ ҷиддӣ машғул шудааст. Бо рӯзнома ва воқеаҳои сиёсии дар ҷаҳон содиршаванда аз наздик шинос гардид.
Беҳбудӣ ҳамчун адиб драмаи худ «Падаркуш»-ро офарид. Дар он ҷавонони туркистониро ба илмомӯзӣ дар донишгоҳҳои Аврупо тарғиб намудааст. Асари мазкур дар вақташ ба офаридани «Домоди бебахт»-и А. Қодирӣ, «Очилдибойи бефарзанд»-и Мирмуҳсин Фик­рӣ, «Саодати нав»-и Ҳамза Ҳакимзода барин асарҳо ҳам таъсир намудааст. Ҳатто он дар дорулфунуни Калифорнияи Америка тарҷума шудааст. Ғайр аз ин, Беҳбудӣ ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ зиёда аз дусад мақола ва асарҳо офаридааст.
Умуман, имрӯз мероси гуногуни адабӣ-­мадании боқигузоштаи ӯ аз ҷониби халқамон омӯхта, истифода бурда мешавад. Ва айнан бо мақсади боз ҳам васеътар тарғиб намудани мероси маънавии ӯ ва аз таъми ин илм баҳраманд гардонидани ҷавонон, аҳолиамон, ҳизби «Эҳёи миллӣ» ба анҷумани илмӣ-­амалии мазкур эътибори ҳамдиёронамон, бахусус, зиёиёнро нигаронид.
Мақсад бошад мисли ҳаракатҳоямон нек аст! Инчунин, дар заминаи мероси маънавии ғании аҷдодамон, баланд бардоштани маънавияти миллӣ ва дар миқёси ҷаҳон шиносонидани он ғояи устувори ҳизб мебошад.
Дар охири анҷуман барои иштироки фаъолашон дар амиқ омӯхтани мероси олими маърифатпарвар, фаъол тарғиб намудани хазинаи маънавии он дар байни халқ, бахусус, ҷавонон ба як гурӯҳ тадқиқотчиён ташаккурномаҳои ҳизб супорида шуд. Дар давоми тадбир як идда ҳамдиёронамон ба узвияти ҳизб қабул карда шуда, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар хотима ба Хона-­музейи Маҳмудхоҷа Буҳбудӣ саёҳат ташкил карда шуд.

Озода НОРИМОВА,
сармутахассиси девони Шӯрои вилоятии ҲДЭМ‑и Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ