Олимон “муваффақият”-и асосии пандемияро кашф карданд


Касоне, ки мубталои коронавирус шудаанд, аммо аломатҳои онро надоранд, нисбат ба бемороне, ки аломатҳои вирус дар онҳо ошкор аст, барои атрофиён бештар хатар доранд. Зеро, дар организми бемороне, ки аломатҳои коронавирусро надоранд, нисбат ба бемороне, ки аломати вирусро доранд, бештар зарраҳои вирус ҷамъ шудааст. Ба ҳамин далел, онҳо барои атрофиён бештар хатарноканд.
Бино ба хабари Infection, ин кашфиёти олимони Туркия аст. Онҳо беморонеро, ки синну солашон ва дараҷаи бемориашон гуногун буд, омӯхтанд ва ба чунин хулоса омаданд.
Ба назари олимон, ин хусусияти COVID-19 метавонад ҷавоби он бошад, ки чаро дар аксари кишварҳо наметавонанд пеши роҳи паҳншавии онро бигиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ