Вазири энергетика: Розӣ кардани халқ осон нест, аммо тамоми чораҳоро мебинем

Дар сохторҳои иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ муаммоҳои газ, қувваи барқ ва гармирасонӣ муҳокима мегарданд. Касе инро ба норасоии фаъолияти сохтор вобаста кунад, каси дигар мутасаддиёнро айбдор мекунад. Росташро бояд гуфт, ки аз сабаби барвақт омадани хунукӣ дар барқу газрасонӣ як қатор муаммоҳо ба вуҷуд омаданд. Дар хонадонҳои аҳолӣ ҳолатҳои зуд-зуд хомӯшшавии барқ ба назар мерасанд. Пастшавии фишори гази табиӣ бошад, ба пурра гарм кардани хонадонҳо имконият намедиҳад. Имрӯз дар Пресс-холи ИАКО дар иштироки Вазири энергетикаи мамлакат ва роҳбарони ташкилотҳои сохтор бахшида ба масъала ва таҳлили ин хел муаммоҳо анҷумани матбуотӣ баргузор гашт. — Президенти мӯҳтарамамон ҳар доим ба ҳудудҳо рафта, омӯхтани ҳолатҳоро талаб мекунанд. Ба ин сабаб штаби дар назди вазорат таъсисгашта ин хел муаммоҳои дар мамлакат бударо омӯхта истодааст. Ин кори доимии мост. Дирӯз аз водӣ баргаштем. Ҳоло ман бо омӯхтани муаммоҳои ҳудуди вилояти Тошканд машғул ҳастам. Вазифаи ҳар як роҳбар розӣ кардани халқ мебошад. Албатта, розӣ кардани халқ мушкил. Аммо то ин вақт розӣ кардем-мӣ ё не як чиз гуфтан душвор. Иштирокдорони тадбири имрӯза, роҳбару ходимон дар нияти розӣ кардани халқ меҳнат карда истодаанд. Аммо маротибаи дигар мегӯям, розӣ кардани халқ осон нест, — гуфт вазири энергетика Алишер Султонов дар анҷумани матбуотӣ. Дар анҷуман масъалаҳо аз рӯйи хизматрасонӣ дар соҳаҳо дида шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ