Осорхонаи ёдгориҳои машҳури бостоншиносии Ӯзбекистон дар намоиши «Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ» ба таври маҷозӣ иштирок менамояд

Аз 30-юми ноябри соли 2020 то 28-уми феврали 2021 Осорхонаи ёдгориҳои машҳури бостоншиносии Ӯзбекистон дар намоиши «Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ», ки дар шакли маҷозӣ (онлайн/виртуалӣ) баргузор мегардад, иштирок менамояд. Намоиш бо истифода аз мундариҷаҳои рақамӣ, аз қабили аксҳо ва наворҳо ба шакли 3D ба тамошобинон пешниҳод мешавад.
«Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ» аввалин намоиши маҷозии мероси буддоия мебошад, ки дар он муассисаҳо ва осорхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок меварзанд.
Дар намоиши мазкур осорхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, аз қабили Осорхонаи миллии Деҳлӣ ва Осорхонаи миллии Калкуттаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, Осорхонаи миллии Қазоқистон, Академияи Дун Хуанги Ҷумҳурии мардумии Чин, Осорхонаи миллии таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон, Осорхонаи Покистон, Осорхонаи санъати мардуми Шарқи Федератсияи Россия, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Осорхонаи ёдгориҳои машҳури бостоншиносии Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Намоиши «Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ» ганҷинаҳои нодир ва гаронбаҳои мероси буддоияро пешниҳод намуда, паҳлуҳои гуногуни санъати буддоиро нишон медиҳад, ки аз доираи сарҳадҳои миллӣ убур карда, бо фарҳангҳои минтақаҳои наздик омезиш ёфтаанд.
Тамошобинон метавонанд бо ганҷинаҳои мероси буддоия аз мактабҳои Қандаҳор ва Матҳура, Наланда, Амараватӣ ва Сарнатҳ, муъҷизаҳои нодири мероси буддоияи Ҷумҳурии Қазоқистон, Чину Қирғизистону Покистон ва санъати бурягии буддоияи Россия шинос гарданд.
Намоиши мазкурро аз ин суроға https://nmvirtual.in/ метавонед тамошо намоед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ