Шавкат Мирзиёев намояндагони Русияро қабул кард


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз, 2 декабр намояндагони дастгоҳи президенти Русия қабул кард. Меҳмонон бо роҳбарии Дмитрий Козак, муовини раиси дастгоҳи президенти Русия ба Тошканд ташриф оварданд.
Бино ба хабар маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев дар мулоқот гуфт, ки ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар солҳои охир бо суръати боло рушд мекунанд, шарикии стратегӣ мустаҳкамтар мегардад.
Дмитрий Козак ба раисҷумҳури Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ сипос ва аз номи Владимир Путин салому дуруд гуфт.
Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба вохӯриҳои ояндаи дуҷониба ва мавзӯъҳои муҳимми байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ