Мухолифати ҳукумати Арманистон истеъфои Пашинянро талаб мекунад


Дар рӯзи аввали декабр дар Ереван бори дигар намоишҳои мухолифати ҳукумати Арманистон бо талаби истеъфои Пашинян баргузор шуд.
Эътирозгарон чандин кӯча ва хиёбони марказии пойтахтро бастанд. Бино ба маълумот, 35 нафар фаъол боздошт шуд.
Намоишҳои эътирозгарон дар Арманистон рӯзи 9 ноябр баъди имзо шудани созишномаи оташбас дар Кӯҳистони Қаробоғ, ки дар натиҷа се ноҳияи минтақа ба тасарруфи Озарбойҷон гузашт, оғоз гардид.
Мухолифат инро таслим шудан номид ва Пашинянро ба хиёнат муттаҳам кард. Худи Пашинян таъкид мекунад, ки ӯ ҷуз розӣ шудан ба ин созишномаву шартҳо дигар роҳе надошт.
Чанде пеш Армен Саркисян, раисҷумҳури Арманистон низ истеъфои ҳукумати Пашинянро дархост карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ