Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

Аз 31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад,
Бино ба маълумоти манбаъ ин матлаб зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баён гардид.
Дар чорабинии мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт ва ба он чунин дигаргунӣ ворид карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ