Фаррух Зокиров бо ҷоизаи “Ситорагони ИДМ” сарафроз шуд


Фаррух Зокиров бо ҷоизаи байналмилалии “Ситорагони ИДМ” сарафроз шуд.
Дар вазорати маданияти Ӯзбекистон маросими супурдани ин ҷоиза ба хонанда барпо гардид. Дар маросим дигар соҳибони ҷоиза низ иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ҷоизаи байналмилалии “Ситорагони ИДМ” соли 2009 таъсис ёфт. Шӯрои ҳамкории инсондӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Бунёди ҳамкории инсондӯстонаи кишварҳои узви ИДМ муассисони ин ҷоиза мебошанд.
Шахсоне, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ба комёбиҳо ноил шудаанд ва бо корҳои худ ба рушди кишварҳои ҷаҳонӣ саҳм гузоштаанд, ин ҷоизаро дарёфт мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ