Тоқаев: Ба зудӣ дар Қазоқистон корхонаи истеҳсоли ваксинаи «Спутник V» сохта мешавад


Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) гуфт, ки ба зудӣ дар кишвараш корхонаи истеҳсоли ваксинаи зидди коронавируси “Спутник V” сохта мешавад. Дар ин бора «Новости» хабар дод.
Ӯ гуфт, “Ман бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Владимир Владимирович, ки барои паси сар кардани пандемия кӯмак карданд, сипосгузорӣ кунам. Дар идомаи амалисозии тавофуқи мо ба зудӣ дар Қазоқистон корхонаи истеҳсоли ваксинаи Русия сохта мешавад”.
Тоқаев баъди мулоқоти телефонӣ бо Владимир Путин дар рӯзи 11 ноябр эълон карда буд, ки дар сӯҳбати онҳо масъалаи истеҳсоли ваксинаи Русия дар Қазоқистон баррасӣ шудааст.
Бино ба хабари вазорати тандурустии Қазоқистон, ин корхона эҳтимолан дар вилояти Ҷамбил сохта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ