Созмони милали муттаҳид каннабисро аз рӯйхати маводди мухаддирот берун кард


Созмони милали муттаҳид каннабисро аз чорумин феҳристи Конвенсияи ягонаи маводди мухаддирот берун кард. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times навишт.
Каннабис то ба имрӯз бо ҳероин дар як рӯйхати маводди мухаддироти хавфнок, ки боиси вобастагии шадид мешаванд, ҷойгир буд.
53 кишвари узви комиссияи маводди мухаддирот барои аз феҳрист берун кардани каннабис 53 овоз доданд. Русия, Чин, Миср, Нигерия ва Покистон ба ин қарор мухолиф буданд.
Комиссия пеш аз қабул қарор бо тавсияҳои созмони ҷаҳонии тандурустӣ ошно шуд.
Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди аз феҳрист берун шудани каннабис назорати он заъифтар нахоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ