Дар Пайариқ вазъи муассисаҳои таълими томактабӣ чӣ хел?

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ҳокими ноҳияи Пайариқ Дилшод Мусинов оиди имкониятҳои муассисаҳои таълими томактабӣ дар деҳот анҷумани матобуотӣ гузаронида шуд.
Дар анҷуман корҳои дар соҳаи таълими томактабии анҷомёфта ва нақшаҳои оянда баррасӣ шуд.
Дар ташкилотҳои давлатии таълими томактабии ноҳия ҳоло 1408 нафар педогог ва кормандон фаъолият мекунанд. 613 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Як гурӯҳи онҳо, аз ҷумла Крупская Надежда Владимировна, Барно Тугалова, Дилноза Ғофуроваҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд.

  • То рӯзи Конститутсияи кишварамон дар маҳаллаҳои Алиобод, Навбаҳор, Ҷавшанота, Маданият, Дӯстларобод ва Гулзор дар асоси барномаи сармоягузорӣ аз реконструксияи капиталӣ мебарояд ва ба истифода супорида мешавад, — гуфт ҳокими ноҳия.
    Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба 11 муассисаи ТДТТ барои хуб гузаронидани мавсими зимистон системаи гармидиҳии локалии имрӯза гузаронида шудааст.
    Барои ташкилотҳои таълими томактабӣ 309 тонна ангишт расонида шудааст.
    Инчунин, дар анҷуман ҳокими ноҳияи Пайариқ Д.Мусинов оиди навигариҳои ободии ноҳия, бо кор таъмин намудани аҳолӣ, оилаҳои камбизоатро ба тадбиркорӣ даъват намудан сухан ронд.
    Ш. КЕНҶАЕВ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ