Интерпол: Эҳтимоли пайдо шудани ваксинаҳои сохта вуҷуд дорад


Созмони пулиси байналмилалӣ – Интерпол ба 194 кишвари узви худ дар бораи эҳтимоли истеҳсоли ваксинаҳои сохта паёмӣ огаҳӣ фиристод.
Бино ба хабари рӯзномаи The Guardian, гурӯҳҳои ҷиноӣ метавонанд ваксинаҳои сохтаро истеҳсол кунанд, ё ваксинаҳои ҳақиқиро дузданд.
Ба ин далел, Интерпол огаҳ кардааст, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бо ҷиноятҳои вобаста ба ваксинаи коронавирус хуб омода бошанд.
Ба гуфтаи Юрген Шток, саркотиби Интерпол, гурӯҳҳои ҷиноӣ мақсади “пайваст шудан ба занҷири интиқоли ваксинаҳо, ё пора кардани он”-ро доранд. Ҳамчунин, онҳо метавонанд тавассути сайтҳои сохта “ваксинаҳо”-ву “тестҳо”-и худро пешниҳод кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ