“Сабр кунӣ аз ғӯра ҳалво мепазад”


Як шаҳрванди Австралия дар давоми 20 сол ҳамеша лоторея бозӣ мекард. Ин зан дар бозиҳои лоторея доимо ҳамон рақамҳоеро интихоб мекард, ки дар бозии якумаш интихоб карда буд. Ниҳоят рӯзе расиду ин рақамҳои ивазнашавандаи зан ба ӯ ғолибӣ ва пули калон овард.
Бино ба хабари UPI, рақамҳои “тиллоӣ”-ро барои зан шавҳараш интихоб карда буд. Зан ҳамеша бо якравӣ ҳамин рақамҳои “тиллоӣ”-ро дар лоторея интихоб мекард. Саранҷом, ӯ дар бозии навбатии лоторея соҳиби 737 ҳазор доллар шуд.
Худи ин зан эътироф кард, ки дар муддати 20 сол ҳар ҳафта билети лоторея мехарид ва бовар дошт, ки рӯзе мерасад ва ӯ пули калонеро соҳиб мешавад. Ғолиби лоторея мехоҳад як қисми пулҳоро барои харидани хона сарф кунад ва боқиро миёни худу фарзандонаш тақсим кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ