Офтоб баъди чандин сол барои инсоният ба таҳдиди ҳақиқӣ табдил меёбад


Офтоб, ки то ба имрӯз нисфи умри худро сипарӣ кард, баъди чандин садсолаҳо бо гармии беш аз ҳад ба зиндагии рӯи замин таҳдиди худро оғоз мекунад. Анатолий Петрукович, мудири маркази пажӯҳишҳои коинотии Академияи улуми Русия чунин мегӯд.
Ба гуфтаи Петрукович, замоне, ки Офтоб пайдо шуд, ҳарорати ӯ нисбат ба имрӯз сардтар буд. Бо мурури замон ӯ тадриҷан метафсад ва тобиши он низ бештар мешавад. Бино ба назарияи имрӯза, баъди чандин сол Офтоб таҳдиди ҳақиқӣ ба Замин мешавад, зеро дараҷаи гармое, ки аз ӯ ба Замин мерасад, барои иқлими сайёра куштанда хоҳад буд.
Вале, аз назари олим аҳолии Замин барои ҳал кардани ин муаммо вақти зиёд доранд. Ба тартиб андохтани атмосфера, ё кӯчидан ба сайёраи дигаре аз роҳҳои эҳтимолии ҳалли муаммо аст.
Петрукович мегӯяд, ки Офтоб тақрибан 4,5 миллиард сол умр дидааст ва метавонад боз ҳамин қадар дар ҳолати имрӯзааш боқӣ бимонад. Вақте, ки Офтоб ба марҳилаи охирини худ мерасад, ба бузургии сурх табдил меёбад, васеътар мешавад ва ҳатто мумкин аст, Заминро дар худ фурӯ барад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ