Эрон ба ИМА ва Аврупо шарти худро барои бозгашт ба муомилаи атомии соли 2015 эълон кард


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳо хориҷии Эрон эълон кард, ки ҷумҳурии исломӣ омода аст ба муомилаи ҳастаии (ядроӣ) соли 2015 баргардад, аммо, дар сурате, ки ИМА ва кишварҳои Аврупо шартҳои онро иҷро кунанд.
Бино ба хабари, Reuters, Зариф гуфт, “Ин ғайриимкон нест. Аврупоиҳо ва ИМА метавонанд ба риояи шартҳо баргарданд… Мо низ дар ҷавоб ба риояи комил бармегардем”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кард, ки таҳримҳои (санксия) маъмурияти Доналд Трамп бар зидди ҷумҳурии исломӣ “ҷиноят алайҳи инсоният” аст, ҳамчунин, Иттиҳоди Аврупо низ маҷбуриятҳои худро иҷро намекунад.
Ӯ афзуд, “Мо ширкатҳои аврупоиро дар Эрон намебинем, мо хариди нафти Эрон аз сӯи кишварҳои аврупоиро намебинем, намебинем, ки бонкҳои аврупоӣ пулҳои моро ба мо мефиристанд”.
Ёдовар мешавем, ҳукумати Эрон рӯзи 2 декабр эълон кард, ки агар таҳримҳои зиддиэронӣ дар муддати 2 моҳ аз байн нараванд, ғанисозии уран дар ҳадди болотар аз меъёрҳои таъиншудаи соли 2015 оғоз мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ