Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бобати риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дастури нав нашр кард

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дастури ҷадид бобати риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб нашр намудаст.
Бар тибқи дастури нави СУТ, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мактабу мағоза ва ҷойҳои умумии корӣ ҳам барои одамони калонсол ва ҳам барои кӯдакони то синни 12 — сола шарт ва зарур аст.
«Чӣ дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо ва чӣ дар беруни биноҳо, ки фосилагирии ҷисмонӣ ба андозаи ҳадди ақал як метр ғайриимкон аст, ниқобҳо пӯшида шаванд», — таъкид мешавад дар хабар.
Гузашта аз ин, созмон тавсия медиҳад, ки сарфи назар аз имконоти нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ, ҳамеша дар дохили биноҳое, ки ба таври бояду шояд ҳаво дода намешаванд, бояд ниқоб пӯшида шавад.
Ин тавсия ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони 12-сола ва калонтар дахл дорад. Барои кӯдакони то панҷсола пӯшидани ниқоб тавсия дода нашудааст.
Ҳамзамон барои кӯдакони синни аз 6 то 11-сола тасмим дар бораи пӯшидани ниқоб ё напӯшидани он бо дарназардошти вазъи мушаххаси вобаста ба интиқоли коронавирус дар минтақаи муайян, инчунин қобилияти кӯдак барои истифодаи дурусти ниқоб ва имкони назорати онҳо аз тарафи калонсолон гирифта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ