Хушксолӣ ҳукумати Намибияро ба фурӯши филҳо маҷбур мекунад


Вазорати муҳити зисти Намибия мехоҳад фурӯши филҳоро ба роҳ андозад ва бо ин кор пеши роҳи афзоиши беш аз ҳади онҳоро бигирад. Дар ин бора Блумберг хабар дод.
Хушксолӣ имсол дар Намибия ба соҳаи кишоварзӣ зарари калон расонд. Дар натиҷа, муборизаи деҳқонони маҳаллӣ бо филҳо афзоиш ёфт. Дар саросари Намибия шумори филҳо ба 22 ҳазор сар мерасад.
Ин ҳолат ҳукуматро водор кард, ки роҳи халосӣ аз як қисми филҳоро ҷӯяд. Саранҷом онҳо сари қарори фурӯши филҳо омаданд. Ҳукумат эълон кард, ки хоҳишмандон метавонанд то 29 январи соли 2021 барои хариди фил муроҷиат кунанд. Ҳатто хориҷиён метавонанд дар чорчӯби қонун аз Намибия фил бихаранд.
Як шарти фурӯш ин аст, ки довталабон филро бо тамоми тӯдаи он метавонанд харид кунанд. Яъне ягон фил ҷудо аз тӯдаи худ фурӯхта намешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ