Чойи кабуд решаи мӯйи сарро мустаҳкам мекунад


Олимон хулоса карданд, ки чойи кабуд боиси мустаҳкам шудани мӯйи сар мегардад ва бар зидди мӯйрезӣ мубориза мебарад. Дар ин бора Daily Express хабар дод.
Гормонҳои тестостерон ва дигидротестостерон таъсирҳои манфӣ ҳам доштаанд, онҳо рушди мӯйро нигоҳ медоранд ва суръати рехтани мӯйро боло мебаранд.
Моддаи катехин, ки дар таркиби чойи кабуд вуҷуд дорад, намегузорад, ки тестостерон ва дигидротестостерон ба мӯй ин таъсирҳои манфии худро расонад.
Мутахассисон бо иштироки нафароне, ки мӯйашон мерехт, пажӯҳишеро анҷом доданд. Ин нафарон ба пӯсти сар экстракти чойи кабудро молиданд ва баъди чанд муддат тасдиқ карданд, ки рушди мӯйашон бештар шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ