Шумори номзадон ба раисҷумҳурӣ дар Қирғизистон 43 нафар кам шуд


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон номи 43 нафарро аз феҳристи номзадон ба раисҷумҳурии кишвар берун кард. дар ин бора кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон хабар дод.
Дар муддати муайяншуда аз 63 номзад танҳо 20 нафар тавонистанд, ки барои дастгирии худашон шумори зарурии имзоҳоро ҷамъ ва гаравпулии интихоботӣ – 1 миллион сомро (11,8 ҳазор доллар) пардохт кунанд.
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон ҳоло ҳаққонияти имзоҳоро месанҷад. Гуфта мешавад, ки баъди ин ҷараён шояд номи чанд нафари дигар низ аз феҳристи номзад хориҷ шаванд.
Ёдовар мешавем, интихоботи пеш аз муддати Қирғизистон рӯзи 10 январи соли оянда барпо мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ