Рӯзҳои Зидан дар Мадрид ба поён расид?


Ҷамоаи “Реал”-и Мадрид бо Маурисио Почеттино нахустин музокираҳоро анҷом дод. Дар ин бора яке аз рӯзномаҳои варзиши Испания – Sport хабар дод.
Бино ба маълумоти рӯзнома, роҳбарони “Реал” ба Почеттино муроҷиат кардаанд, ки оё дар сурати барканории Зайниддин Зидан ӯ метавонад мураббии нави ҷамоа шавад.
Чанде пеш хабарҳое дар бораи эҳтимоли барканоршавии Зидан дар рӯзҳои наздик паҳн шуда буд.
Ёдовар мешавем, Маурисио Почеттино солҳои 2014-2019 сармураббии ҷамоаи “Тоттенҳем”-и Анлия буд. “Тоттенҳем” таҳти сармураббигии ӯ нахустин бор ба финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо роҳ ёфт ва дар Премйер-лига соҳиби медалҳои бронза ва нуқра шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ