Мавқеи бонувон дар Ӯзбекистони нав

Дар замири ҳама гуна ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, мақсади асосӣ, ин пеш аз ҳама ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон мебошад. Дар ин самт ба муҳофизати ҳуқуқ ва озодиҳои зан ва духтарон низ эътибори ҷудогона дода мешавад.
Дар навбати худ бобати пурзӯрсозии иштироки зану духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷамъият, ширкати фаъоли онҳо дар тамоми зинаҳои соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таъмини имкониятҳои баробар барои пешоҳангӣ дар қабули қарору қонунҳо, инчунин, баробарии гендерӣ чорабиниҳо амалӣ мегарданд.
Дирӯз дар ноҳияи Тайлоқ бо мақсади ба оммаи васеъ фаҳмонидани мазмуну моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи зану духтарон аз хушунат ва зӯровариҳо» ва «Дар бораи кафолати ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои зану духтарон ва мардон», инчунин, қарори Девони Вазирон аз 4-уми январи соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои такмилдиҳии сохтори ҳифзи зану духтарон аз хушунат ва зӯровариҳо» семинар-­тренинг баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо ҳамкории Маркази вилоятӣ ва ноҳиявии реабилитатсия ва мутобиқсозии шахсони аз зӯроварӣ ҷабрдида ва пешгирии худкушӣ, шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳия гузаронида шуд, роҳбари маркази вилоятӣ М. Азимова, роҳбари маркази ноҳиявӣ И. Мамедова, мушовири ҳокими ноҳия доир ба масъалаҳои зану духтарон М. Қувватова, муҳаррири газетаи «Қӯшчинор»-и ноҳия М. Йӯлдошева, депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят Д. Улуғбоева ва ҷонишинҳои раиси маҳаллаҳои ноҳия доир ба масъалаҳои оила, зану духтарон ва иҷтимоиву маънавӣ иштирок карданд.
Дар идомаи семинар-­тренинг дар бораи мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки дар ин самт имзо гардидаанд, вазифаҳои устувор, моҳияти мафҳуми баробарии гендерӣ, тартиби тақдими ордени ҳимоя ба бонувони аз зӯроварӣ ҷабрдида, ба марказҳои махсуси ёрирасонӣ ҷойгир кардани онҳо, таҳияи барномаҳои ислоҳсозӣ доир ба тағйир додани хулқу рафтори зӯроварон, аниқ кардани ҷабрдидагон ва андешидани чораҳои кӯмак ба онҳо ҳарф заданд.
Дар нимаи дуввуми семинар байни иштирокдорон машғулоти амалӣ гузаронида шуд.

Хизмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Тайлоқ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ