АЗ ЁДДОШТҲО ВА МУШОҲИДАҲО

ЖУРНАЛИСТ ДӮСТ НАДОРАД
Дар як сӯҳбати телефунӣ устод Адаш Истад гуфтанд:
– Шогирдам Салим Аюбзод дӯсти худро дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» сахт танқид карда буд. Дӯсташ аз домани вай гирифтаст:
– Ту дӯсти манӣ ё душманӣ? Чаро маро танқид қардӣ?
Салим дар ҷавоб мегӯяд;
– Гуфтаанд ки «Платон мой друг, но истина дороже» (Афлотун дӯсти ман аст, аммо ҳақиқат азизтар аст).
Журналист дӯст надорад. Вай манфиати халқро фикр карда менависад, – ҳикояти худро хулоса карданд устод
АЗ ҲАМОН ОҲАНПОРАҲО
Рӯзе рафта, дар боғчаи рӯидаричаи устод Фаздиддин Муҳаммадиев кор кардам. Устод корро фармуда гуфтанд:
– Аз зиндагӣ нанолед, саратонро офтоб назанонед, дар ҳамин ҷо суруд хонда, до седьмого пота кор кунед.
Ман то бегоҳ дар он ҷо кор кардам. Устод гуфтанд:
– Барои ҳамин кори имрӯзаатон грамотаи Президиуми Шӯрои Олиро додан мумкин.
Ман, ки зиндагиномаи устодро аз ҳар гуна китобҳо медонистам, гуфтам:
– Худатон ҳамон грамотаро баъд аз сисолагӣ гирифтагӣ…
Устод гуфтанд;
– Ҳар рӯз ҳамин хел кор кунед, аз ҳамон оханпораҳо ҳам медиҳанд.
ИШОРА БА АДАШ ИСТАД
Боре устод Фаздиддин Муҳаммадиев ба рӯзноманигори ҷавон Хурсанд Ҷумъазода ба сӯйи нависандаи баркамол Адаш Истад ишора карда гуфтанд;
– Ҳамин кас аз мактаби матбуоти тоҷик гузашта, бо қадамҳои устувор бо роҳи адабиёт рафта истодаанд. Шумо навиштаҳоятонро ба ҳамин кас нишон диҳед. Зӯрашро барои мо биёред.
«АГАР СУРЪАТ ҲАМИН БОШАД…»
Ман ҳикояеро, ки аз ҳаёти милиса буд, ба устод Фазлиддин Муҳаммадиев бурда будам. Устод ҳама вақт нуктасанҷ буданд. Ба ибораи «милиционери мӯсафед» эрод гирифта гуфтанд:
– Чӣ хел мӯсафед? Шумо медонед, ки милисаҳо 25 сол кор мекунанду мераванд. Мӯсафед гуфта, 77–80 солаҳоро мегӯянд
Ман навишта будам, ки милисионер бо пояш ба фарқи кампири оворагард мезанад. Устод ба ман наздик шуда, пояшонро бардошта гуфтанд:
– Канӣ бинем канӣ…
Сипас, хулоса карданд:
– Дар ин ҷо ғайр аз фарқи сари кампиру андешаҳои Нуриддин дигар чиз нест. Агар суръат ҳамин бошад, ҳӯ, ба 70–80 рафта ҳикоя менависед. Дар он вақт ба мошинкакунӣ қувват ҳам намемонад…

Ӯктам ИБРОҲИМ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ