Бонкҳои Швейсария 350 миллион долларро ба Гулнора Каримова бармегардонанд


Рӯзи 3 декабр дар додгоҳи (суд) федералии Швейсария шикояти Гулнора Каримова баррасӣ шуд. Гулнора дар аризаи худ ба додгоҳ муроҷиат карда буд, ки ӯро соҳиби ҳақиқии ширкати Takilant Ltd. дар Гибралтар эътироф кунад. Додгоҳ дар бораи соҳиби ин ширкат эътироф шудани Гулнора қарори худро қабул кард. Соли 2018 бар асоси як парвандаи ҷиноӣ тақрибан 350 миллион доллар дороиҳои ширкати Takilant Ltd. дар бонкҳои Швейсария масдуд (ях кунонда) шуда буд.
Ба гуфтаи Грегуар Манжа, адвокати Гулнора Каримова ин ғалабаи муҳим аст, зеро, мехостанд дороиҳои ӯро мусодира кунанд.
Акнун Гулнора метавонад ин пулҳоро аз бонкҳои Швейсария бигирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ