Дар шаҳри Қаршӣ тӯли солҳои 2021 — 2023 дегхонаҳои марказӣ сохта шуда, дараҷаи таъминот бо гармӣ ба 100 фоиз расонида мешавад

12—13-уми ноябри соли равон, вақте Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Қашқадарё ташриф овард, дар бахши хидматрасонии коммуналии хонаву ҷой низ вазифаҳои муҳим ба миён гузошта шуда буданд. Мақсад ба аҳолии ҳудуд шароити мусоид фароҳам овардан, тибқи талаботи замон ноил гардидан ба рушду такомули минбаъдаи соҳа мебошад.
Ҳоло дар шаҳри Қаршӣ аз 694 хонаи бисёрҳуҷра танҳо 53 фоизаш бо низоми гармидиҳӣ фаро гирифта шудааст. Аз ин хонаҳо ба 148-тоаш тавассути низоми таъминоти гармидиҳии марказонидашуда ва дегхонаҳои маҳаллӣ энергияи гармӣ интиқол дода мешавад. Барилова, дар 219 хонадон ба таври инфиродӣ дегҳои ду контурдор шинонда шудаанд.
Хусусан, 8 дегхонае, ки дар шаҳр кор мекунанд, барои гарм кардани 148 хонаи бисёрҳуҷра, яъне беш аз 6 ҳазор хонадон, дар як мавсим ба ҳисоби миёна қариб 880,0 метри мукааб гази табиӣ сарф менамоянд. Дар ин ҳолат барои таъмини ҳар як хона бо энергияи гармӣ тӯли як моҳ дар дегхонаҳо ба ҳисоби миёна 36, 6 метри мукааб гази табиӣ масраф мегардад. 
Дар 327 хонаи бисёрҳуҷраи бо таъминоти гармии марказонидашуда фаронагирифтаи ҳудуд аҳолӣ барои гарм кардани хонаҳои худ аз плита, печҳои дастие, ки бо газ кор мекунанд ва асбобҳои барқии гармидиҳанда истифода мебаранд. Бино ба ҳисобу китоб, дар мавсим барои гарм кардани ҳар як хонадон ба ҳисоби миёна дар як моҳ 800-860 метри мукааб гази табиӣ сарф шуда истодааст. Мисолан, тавассути плитаи газ, агар муттасил кор кунад, тӯли як соат 1-1,2 метри мукааб газ масраф мешудааст. Ин бошад, ба сарфи зиёдатии гази табиӣ замина мегузорад.
Аз ин рӯ, бино ба дараҷаи таъминоти гармиро ба 100 фоиз расондан, бо назардошти иҷрои вазифаҳои пешбинишуда, бо ҳамкории ҳокимияти шаҳр чорабиниҳо андешида мешаванд. Ба назди ходимони масъули Вазорати хидматрасонии коммуналии хонаву ҷой, «Ширкати инжинирингӣ оиди таъмири ҷорӣ ва куллии хонаҳои бисёрҳуҷра ва сохтмони объектҳои гармидиҳӣ», КДУ ва идораҳои ҳудудӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Аз ҷониби мутахассисон лоиҳаҳои минтақавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, коркарди асноди пешазлоиҳавӣ дар арафаи анҷомёбист.
Бино ба нақша, ба мақсади бо энергияи гармӣ пурра таъмин намудани шаҳри Қаршӣ, дар тӯли солҳои 2021 — 2023 дегхонаҳои марказӣ сохта мешаванд ва дегҳои вуҷуддошта рӯйи тармиму таҷдидро хоҳанд дид. Дар мавзеъҳо дегхонаҳои гармидиҳии локалӣ ташкил дода мешаванд. Дар ҳудуде, ки хонадонҳои биноҳои бисёрҳуҷраро наметавон бо нуқтаи марказонидашудаи гармидиҳӣ васл кард, ба тартиби якка дегҳои дуконтурдор устувор карда мешаванд.
Тибқи қарори ҳокими шаҳри Қаршӣ барои сохтани дегхонаи марказии РК-4  0,7 гектар майдон ҷудо карда шудааст, ки дар ин роҳ қадами аввал мебошад.  Ба ҷуз ин, тасмим гирифта шуд, ки дар 58 хонаи бисёрҳуҷраи воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Янги турмуш», «Кунчиқар», «Боғишамол», ба номи Амир Темур ва Шайхалӣ ба тартиби якка 1 ҳазору 70 дегҳои дуконтурдор шинонда мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки ба ҳамаи лоиҳаҳо технология ва ускунаҳои наве ҷорӣ карда мешаванд, ки энергияро сарфа менамоянд. Ҷолиб он аст, ки бад-ин васила, дар як мавсим 7 миллиону 345,1 метри мукааб гази табиӣ сарфа мегардад.
Саъю ҳаракатҳои мазкур беҳуда нестанд. Тавассути ин дар соҳа хидмат ба аҳолӣ боз ҳам такмил меёбад. Бо оби гарм ва энергияи гармии хушсифат хонаҳои бисёрҳуҷра ва объетҳои соҳаи иҷтимоӣ муттасил таъмин мегарданд, барои аҳолии ҳудуд шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
А. МУСОЕВ, 
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ