Ҳангоми дарди сар будан чӣ нахӯрем ва хӯрем?


Гоҳо ҳавои кӯча, фишори зиёд да ҷойи кор, хоби бад ва дигар сабабҳо боиси дарди сари мо мешавад. Дар чунин ҳолат ҳамзабон бо муолиҷаи дарди сар бо дору, бояд ба маҳсулоте, ки мехӯрем, эътибо диҳем. Чун истеъмоли баъзе маҳсулот вақти дарди сар метавонад вазъиятро бадтар кунад. Чунин менависад HuffPost.
Панири нисбатан кӯҳна ҳангоми дарди сар набояд истеъмол шавад. Панир ҳар қадар, ки кӯҳнатар аст, ҳамон қадар дар таркиби худ бештар моддаи гистамин дорад.
Гистамин метавонад боиси васеъшавии рагҳои мағзи сар гардад, ки дар натиҷа дарди сар сахттар мешавад.
Вақти дарди сар шудан аз истеъмоли маҳсулоте, ки дар таркиби худ тирамини аминокислота доранд, масалан, маринадҳои гуногун, сирко ва ғайра худдорӣ кунед.
Чунин маҳсулот низ метавонанд сабаби фишор ва васеъшавии рагҳои мағзи сар шаванд.
Хуб, кадом маҳсулот барои истеъмол вақти дарди сар будан беҳтар аст?
Ҳангоме, ки дарди сар доред, гӯшти беравған хӯред. Дар таркиби он витамини В2 ва коэнзими Q10 ҳаст, ки он ба шумо энергия мебахшад.
Ҳамчунин, мева ва сабзавоти сероб барои мӯътадил шудани миқдори об дар бадани инсон ёрӣ медиҳад ва дарди сарро дафъ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ