Соли равон Ӯзбекистон ба Тоҷикистон чӣ қадар кӯмаки башардӯстона фиристод?

Имсол 58 давлати ҷаҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 952 тонна ба маблағи 38 миллиону 212,3 ҳазор доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона фиристоданд. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар раддабандии расонидани кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар ду кишвари ҳамҷавор -Чин бо 42,2 фоиз ва мамлакати мо 10,8 фоиз саҳми назаррас гузоштаанд.
Ҳамзамон дигар кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Туркия 10,3 фоиз, Ҳиндустон 8,2 фоиз, Россия 6,1 фоиз, Қазоқистон 4,9 фоиз, Дания 2,1 фоиз ва Нидерланд, Финляндия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Германия, Белгия, Полша ва Камбоҷа беш аз 1-фоизӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона фиристонидаанд.
Кумакҳои башардӯстонае, ки соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуданд, асосан аз дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, орди гандум ва дигар маҳсулоти тайёр, аз ҷумла либосворӣ иборатанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ