Нархи «Sputnik V» эълом шуд

Вазорати тандурустии Русия нархи ваксинаи коронавирусии Sputnik V-ро эълон кард.
«Ду ҷуфти он 1942 рубл аст. Нархи панҷ маҷмӯи ду ҷуфт 9710 рубл муқаррар карда шудааст» гуфт муовини вазири тандурустии кишвар Алексей Кузнетсов.

Бино ба гузориши РБК, Кирилл Дмитриев, раҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия гуфтааст, ки нархи ваксина нисбат ба нархи доруҳое, ки чунин таъсир доранд, ду маротиба камтар аст ва ваксина дар марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникӣ самаранокии беш аз 90%-ро нишон дод.

Ҳоло омодагӣ ба марҳилаи аввали ваксина дар инсонҳо идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ваксинзании оммавӣ алайҳи коронавирус дар Русия ҳафтаи оянда оғоз мешавад. Эмкунӣ пеш аз ҳама дар асоси ихтиёрӣ барои табибон, омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ