Том Круз барои офаридани нақш нави худ ба кайҳон парвоз мекунад


Том Круз ҳунарпешаи амрикоӣ бо NASA (Идораи миллии кайҳоннавардӣ ва пажӯҳиши кайҳонии ИМА) дар бораи парвоз кардан ба кайҳон музокира барпо кард. Ӯ бояд дар қисми охирини филми “Вазифаи ғайримумкин” дар кайҳон низ нақш офарад. Дар ин бора The Sun хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Том Круз мехоҳад барои парвози кайҳонӣ аз NASA ёрӣ бигирад. Дар ҷараёни музокираҳо намояндагони NASA таъкид карданд, ки ин мақсади Том Круз имконпазир аст.
Ҳафтумин филми “Вазифаи ғайримумкин” соли 2021 бояд ба ҳаводорон тақдим гардад. Ҳамчунин, соли 2022 ҳаштумин ва охирин силсилаи ин филм таҳия хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, Том Круз дар ин филм нақши асосиро мебозад ва ҳамзамон таҳиякунандаи филм мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ