Дар Британия барои пешгирӣ аз зукоми парранда мурғони марҷонро нест карданд


Дар як ширкати мурғпарварии вилояти Норфолки Британияи Кабир дар миёни мурғони марҷон зукоми парранда паҳн шуд. Барои пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи зукоми парранда дар ин ширкат беш аз 30 ҳазор мурғи марҷонро нест карданд. Дар ин бора The Sun хабар медиҳад.
Хадамоти байтории Норфолк таъкид кардааст, ки таҳдиди зуком ба саломатии одамон хеле кам аст.
Аз оғози моҳи ноябр то ба ҳол дар Британияи Кабир ҳафт ҳолати паҳншавии зукоми парранда мушоҳида шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ