Трамп: Демократҳо ИМА-ро ба сӯи коммунизм хоҳанд бурд


Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии ИМА рӯзи 5 декабр дар иёлати Ҷорҷия бо тарафдоронаш дидор кард.
Бино ба хабари ТАСС, Трамп дар раванди суханрониаш гуфт, ки демократҳо дар сурати аксарият шудан дар Конгресс ИМА-ро ба сӯи коммунизм хоҳанд бурд.
Ба гуфаи ӯ, дар кишвари сотсиалистӣ, ё озод калон шудани фарзандони онҳо дар дасти интихобкунандагон аст.
Трамп гуфт, “Охири ин интихобот назорати Сенат аст. Ин маънии назорати кишварро дорад. Интихобкунандагони Ҷорҷия муайян мекунанд, ки кадом ҳизб кумитаҳоро идора мекунад, қонунро менависад ва ҳар як доллари андозсупоронро назорат менамояд. Хеле сода аст. Дар кишвари сотсиалистӣ, ё озод калон шудани фарзандонатонро шумо ҳал хоҳед кард. Ва ман ба шумо мегӯям, сотсиализм барои ин одамон танҳо оғоз аст. Ин одамон мехоҳанд, дуртар аз сотсиализм раванд, онҳо мехоҳанд ба шакли идораи коммунистӣ гузаранд, ман ба ин шубҳа намекунам”.
Рӯзи 5 январ дар Ҷорҷия дувумин марҳилаи интихобот ба маҷлиси болоии порлумони ИМА баргузор мешавад. Натиҷаҳои интихобот дар Ҷорҷия метавонад боиси аксарият шудани ҷумҳурихоҳон, ё демократҳо дар Конгресс гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ