Сарвазири Қирғизистон ба Ӯзбекистон меояд


Артём Новиков, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Қирғизистон ба Ӯзбекистон ташриф меоварад. Дар ин бора маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар дод.
Новиков дар чорчӯби сафари худ ба вилоятҳои Бодканд ва Ӯши Қирғизистон рӯзи 8 декабр ба вилояти Фарғона меояд.
Сарвазир рӯзи 8 декабр дар нишасти намояндагони вилоятҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок мекунад. Ин нишаст дар шаҳри Фарғона барпо мешавад.
Ҳамчунин, ӯ бо фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии “Иркештам” ошно мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ