Русия дар Сурия “дрон”-ҳои “Калашников”-ро озмоиш кард


Сергей Чемезов, раиси ширкати давлатии “Ростех”-и Русия дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҷанги дохилии Сурия ҳавопаймоҳои бесарнишини “Калашников” озмоиш шуданд.
Бино ба хабари Регнум, “Калашников” худро дар ҷангҳо хуб муаррифӣ кард ва вазорати мудофиаи Русия онҳоро харид хоҳад кард.
Ба гуфтаи Чемезов, дар Сурия ду навъи ҳавопаймоҳои бесарнишини “Калашников” озмоиш шуданд, ки як навъи онҳо “дрон”-ҳои ҷосусӣ ва дувум ҷангӣ мебошад.
Корхонаи ZALA AERO, ки ба ширкати “Калашников” вобаста аст, дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳавопаймои бесарнишини ZALA 421−16EV HD-ро сохт, ки он барои ҷамъоварии иттилоот истифода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ