Расонаҳои хабарӣ: Тақрибан 50 оила дар Аргентина бо пули Марадона зиндагӣ мекарданд


Диего Марадона, афсонаи футболи ҷаҳон, ки рӯзи 25 ноябр даргузашт, дар ватани худ Аргентина ҳар моҳ тақрибан 50 оиларо бо пули муайяне таъмин мекард.
Бино ба хабари Marca, ӯ ҳар моҳ барои ин оилаҳо беш аз 10 миллион песо (беш аз 100 ҳазор евро) сарф мекард.
Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои таъмини зиндагии оилаҳое, ки ба Марадона наздик буданд, харҷ мешуд. Ин оилаҳо хешу ақрабо ва дӯстони ӯ буданд, ки дар Аргентина ва берун аз он зиндагӣ мекарданд. Ҳар моҳ маблағи муайян аз ҳисобрақами бонкии Марадона ба онро фиристода мешуд. Хадамоти андози Аргентина баъди марги футболбози собиқ ҳисобрақами ӯро масдуд (блок) кард. Ин оилаҳо дигар бо пул таъмин намешаванд.
Ёдовар мешавем, Марадона рӯзи 25 ноябр дар синни 60 даргузашт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ