Шавкат Мирзиёев дар арафаи ҷашни Сарқонун 104 нафарро авф кард


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба муносибати 28-солагии Сарқонуни кишвар 104 нафар маҳбусро авф кард.
6 нафари онҳо комилан озод шуданд. 50 нафар бо шарт озод шуданд. 17 нафар ба ҷои ҳукми ҳабс ҷазои сабуктар гирифтанд.
Ҳамчунин, муҳлати ҳабси 41 нафар кӯтоҳтар шуд.
Дар умум 63 нафар аз зиндон берун омаданд.
13 нафар аз авфшудагон хориҷӣ, 9 нафар пиронсол ва 1 нафар зан мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ