Консули нави Ӯзбекистон дар Истамбул таъин шуд

Раҳбари нави консулгарии Ӯзбекистон дар Истамбул таъин шуд. Тибқи иттилооти хабарнигории Дунё, Амирсаид Аъзамхоҷаев ин вазифаро ба ӯҳда гирифт.

Тибқи иттилои сафорати Ӯзбекистон, Амирсаид Аъзамхоҷаев аз Вазорати корҳои хориҷии Туркия ба ҳайси роҳбари консулгарии генералӣ экзекватураи консулӣ гирифтааст.

Амирсаид Аъзамхоҷаев соли 1985 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. То таъин шуданаш ӯ ба ҳайси консул дар Раёсати консулӣ ва ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва дар Истамбул кор кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ