Маҷаллаи «The Banker» Orient Finans Bank-ро бонки беҳтарини сол донист

Ба ҳисоби «The Banker», Orient Finans Bank фаъолияти худро ба рушди тиҷорати чакана, аз ҷумла тавсеаи хидматрасонии бонкдории мобилӣ, пешниҳоди қарзҳои ипотека равона кардааст ва ба ин васила доираи хизматрасониҳои навро барои истеъмолкунандагон ба таври назаррас васеъ намудааст.

Коршиносон ба фаъолияти молиявии бонк баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, дар соли 2019 фоидаи софи он 50% ва сармояи дараҷаи аввал 47% зиёд шудааст. Дар баробари ин, таносуби қарзҳои бесифат хеле паст боқӣ монда, ҳамагӣ 0,017% -ро ташкил медиҳад.

«Мо ифтихор дорем, ки Ӯзбекистонро дар номинатсияи байналмилалии “The Banker”s Bank of the Year Award – 2020” намояндагӣ мекунем» гуфт раиси Шӯрои нозирон Бобур Парпиев.

“The Banker” бонуфузтарин маҷаллаи байналмилалии молиявӣ дар Бритониё мебошад. Маҷалла аз ҷониби Financial Times дар Лондон аз соли 1926 нашр мешавад.

Маҷалла ҳамасола ҷоизаҳои “The Banker”-ро ба беҳтарин ва пешрафтатарин муассисаҳои молиявии ҷаҳон тақдим мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ