Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмоти соли 2024 да Будапешт баргузор мегардад


Пойтахти Венгрия соли 2024 ба Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мезбонӣ мекунад. Дар ин бора маркази матбуотии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) хабар дод.
Дар нишасти охирини Ассамбпеяи умумии FIDE Будапешт барои мезбонии ин мусобиқа интихоб шуд. Будапешт қабл аз ин соли 1926 низ ба Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мезбонӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар миёни ҷамоаҳои миллии кишварҳои узви FIDE баргузор мешавад. Ин мусобиқа нахустин бор соли 1927 дар Лондон барпо шудааст. Сар аз соли 1950 олимпиада дар ҳар ду сол як бор баргузор мегардад.
Гурҷистон соли 2018 мезбони охирини ин мусобиқа буд. Имсол мусобиқа ба далели пандемия ба соли 2021 гузошта шуд. Белорус баргузории мусобиқаро дар соли 2022 аз худ соқит кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ