25 зан ва 73 кӯдак дар доираи амалиёти Меҳр-3 аз Сурия ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд

Марҳилаи навбатии амалиёти Меҳр рӯзи 8-уми декабр таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт, менависад Uzreport.

Ба гуфтаи вай, 98 нафар ӯзбекистонӣ, аз ҷумла 25 зан ва 73 кӯдак, аз манотиқи ҷангзадаи Сурия ба ватан баргардонида шуданд.

Акнун боздоштшудагон дар муассисаҳои тиббии муҷаҳҳаз ҷойгир карда шуда, бо хӯроки гарм ва либос таъмин карда мешаванд. Мутахассисон ёрии тиббию равонӣ мерасонанд.

Инчунин барои додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар оянда барои баргаштан ба зиндагии осоишта ва пурра ба ҷомеа мутобиқ шудани онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Барои маълумот, роҳбарияти Ӯзбекистон аввалин амалиёти башардӯстонаи «Меҳр» -ро охири моҳи майи соли 2019 анҷом дода буд, ки дар он вақт 156 нафар сокинони Ӯзбекистон, асосан занон ва кӯдакон, бо парвози махсуси «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» аз пойтахти Сурия Димишқ ба Ӯзбекистон оварданд.

Моҳи октябри соли 2019 амалиёти дуввуми махсус барои бозгардонидан аз минтақаи низоъ дар Ховари Миёна оғоз ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ